Тоҷикони қирғизистон

March 5, 2019 posted by

Тоҷикони Қирғизистон. Дирўз ва имрўз

Мовароуннаҳр ҳудуди васеъро дар бар мегирифт, ки қисмати он ҳозира Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Қисмати ҷанубии Қирғизистон, ки он ҷо теъдоди зиёди тоҷикон зинадагӣ мекунанд, ин водии Фарғонаи таърихӣ мебошад ва дар ин мавзеъ тоҷикон тули асрҳо тамаддуни оламгир офаридаанд. Ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ, ки тўли асрҳо рух медоданд, боиси ин ҷоро ҳамчун макони зист интихоб наудани тоҷикон гаштаанд.
Яке аз шохаҳои Роҳи Бузурги Абрешим аз роҳи ҳозираи Қадамҷой-Ўчқурғон-Уш, Ҷалолобод, Бишкек гузшта ба сўи шаҳри Қошғари Чин самт мегирифт ва тамаддуни ниёгони моро пайваст менамуд.
Қирғизистон то инқилоби соли 1917 дар ҳудуди давлатҳои гуногун: ҳоқонати турк, қарлуқҳо, хонигарии Қўқанд дохил мешуд. Дар солҳои 60-70-уми асри XIX ин минтақа ба ҳайати империяи Русия ҳамроҳ карда шуд. Дар солҳои 1917-1918 дар ҳудуди ҳозираи Қирғизистон ҳокимияти шўроҳо барқарор гардид. Соли 1924 ҳамчун вилояти худмухтори Қирғизистон ба ҳайати РСФСР дохил шуда соли 1926 Ҷумҳурии худмухтори Қирғизистон барпо ёфт ва соли 1936 ҳамчун Ҷумҳурии шўравӣ-сотсиалистӣ ба ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ ҳамроҳ гардид.(Бобохонов, 2004.с.177)

Ниёгони тоҷикон дар ҳудуди Қирғизистон аз замони қадим маскан доштанд. Дар миёнаҳои ҳазорсолаи якум ин ҷо қабоили турктабор пайдо шуданд ва Давлати ҳоқонати турк барпо гардид. Дар давраҳои минбаъда низ тоҷикон дар ин минтақа зиндагӣ мекарданд. Чунончи, тибқи рўйхатгирии аҳолӣ соли 1897 19 фисади аҳолии Бишкекро тоҷикон ташкил медоданд. (Бобохонов, 2004. с.177)

Топонимияи имрўзаи минтақаҳои гуногуни Қирғизистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ҷо аз қадимулайём мавзеи тоҷикнишин будааст. Баромади вожаи дарёҳо, кўҳҳо, рустоҳо, шаҳрҳо аз забони фарғонагӣ ва тоҷикианд, чунончи Заркон, Ҳафтдеҳ, Обишир, Корвон, Навкат, Самарқандак, Хурштоб, Заргар, Зиндон, Баркуоб, Яккатут ва ғайраҳо. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин мавзеъҳо аз қадим тоҷикнишин будаанд.
Яке аз шаҳрҳои тоҷикнишини Қирғизистон шаҳри Уш мебошад. Худи баромади вожаи Уш аз авестоии Уш-яъне ибодат буда, он замоне арзи зуҳур кардааст, ки ин ҷо аз қабоили турктабор нишоне набуд. Ду дарвозаи шаҳр имрўз ҳам бо вожаҳои тоҷикӣ- Дарвозаи Кўл ва Дарвозаи Об ном бурда мешаванд.
Дар шаҳри Уш тамаддуни тоҷикон хеле рушд карда буд ва якчанд нобиғаи умумибашарии тоҷиктабор дар шаҳри Уш зиндагӣ ва эҷод намудаанд. Чунончи Абу Али ибни Усмон, Аҳмад-ал Фарғонагӣ, Умар ибн Мусоал Ушӣ, Абдуллохи Ушӣ намояндагони беҳтарин тамаддуни тоҷикон дар ин шаҳри қирғизҳо мебошанд. (Бобохонов, 2004. С.178)

Ҷуғрофидони Давлати Сомониён Абдулқосим ибн Аҳмади Ҷайҳонӣ дар вақти сайёҳати худ ба водии Фарғона роҷеъ ба тоҷикнишин будани шаҳрҳои Уш ва Узканд чунин навиштааст: Масоҳаташ ба Кубо баробар аст. Шаҳр хеле хуб бино ёфтааст ва ҳисореро дорост, ки манзили ҳоким онҷост. Узканд шаҳри охирини водии Фарғона аст ва ба чор аз шашяки Уш баробар аст.
Бино ба хабари Ҷайхонӣ забони тоҷикӣ ҳанўз дар замони Сомониён дар Уш ва Узканд маъмўл будааст. (Раимджанов, Марасулов, Джураев, 2007.С.13)

Бошишгоҳҳои тоҷикони водии Фарғона аз тарафи сайёҳи рус А.П.Федченко низ омўхта шудааст. Чунончи ў навиштааст: Баъд аз таҳқиқи рустоҳои Қара Қозиқ, Шоҳмардон мо як шабро дар водии Вадил сипарӣ намудем. Сипас 13-уми июли соли 1871 роҳ ба сўи Учқурғон гирифтем. Роҳи мо тавассути рустоҳои Навкат, Кафтархона, Логон, Айривоз, Гулпиён мегузашт. Ин рустоҳо аз он ҷиҳат фарқ мекарданд, ки ин ҷо заминҳои хамвор кам обёрӣ шдаанд. Баъд ба мо маълум гашт, ки аҳолии ин рустоҳо каме пештар аз Қаротегин омадаанд(Мавҷи Исфайрам, 1995).

Муаррих Ҳасан Шариф менависад, ки аҳолии ҳамвориҳо ва наздикўҳии Қирғизистони замони Бобур (асри XVI) ва баъди ў асосан тоҷикон буда онҳо асрҳо нисбати забон ва анъанаҳои худ содиқ монда буданд. Як назар ба топонимияи маҳал назар меандўзем, ки дар Бобурнома зикр гаштаанд ва бараъло равшан мешавад, ки аҳолиии шахри Уш ва гирду атрофи Андиҷонро асосан тоҷикон ташкил мекардаанд. Чунончи вожаҳои Дутахӣ, Обдузд, Оби Хош, Заврак, Хубон, Нушоб, Банди Саюр, ичунин номҳои рустоҳои назди Ахcикат ба монанди Санг, Навканд, Гулшани Чаман, Ғазнаи Намангон, Қалъаи Лашкарон, Арчинак шаҳодат аз он медиҳанд, ки рустоҳои номбурда ҳама тоҷикнишин буданд (Абдулҳасанов, Ҷураев, 2001.С.23).

Акнун дар бораи минтақаҳои тоҷикнишини имрўзаи Ҷумҳурии Қирғизистон сухане чанд гуфтанием.
Ноҳияи Лайлак ба хайати вилояти Беткен шомил мешавад ва бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Тоҷикони рустои Андараки ноҳияи Лайлак ҳоло аз тарафи муҳаққиқон таҳқиқ нагаштаанд. Номзади илми таърих Ҷ.Исомиддинов якчанд мақолаҳо оид ба мардумшиносии маҳали мазкур навиштааст. Бино ба маълумоти ҷой дошта аҳолии рустои Андарак ҳанўз дар асри XV дар ин мавзеъ маскан гирифта будаанд. Дар давраҳои гуногун ба ин деҳа тоҷикон аз Самарқанд, Истаравшан, Хуҷанд, Қистақўз омадаанд.
Деҳаи Лолак дар соҳили рўди Хоҷабақирғансў воқеъ буда бо рустои Чоркўҳи ноҳияи Исфара ҳамсарҳад аст. Тибқи маълумоти ҷойдошта баъди инқилоби соли 1917 қисме аз аҳолии Масчоҳ ин ҷо омада ин русторо таъсис додаанд. Ҳозир дар рустои Лолак мактаби умумии тоҷикӣ-қирғизӣ амал мекунад.(Ҷураев, 2008.С. 20).

Қадамҷой нохияи калонтарини вилояти Беткен мебошад ва ба ноҳияи Сух, Вадил, Қувайсойи Ўзбекистон ҳамсарҳад аст. Тибқи маълумоти ҷойдошта дар ин вилоят тоҷикон дар рустои Учқурғон, шаҳрҳои Қизил Кик, Айдаркон ва Қадамҷой зиндагӣ мекунанд. Аз рўи маълумоти Ф.Ҷураев теъдоди умумии тоҷикони ноҳияи Қадамҷой ба 34000 нафар мерасад (Ҷурав, 2008.С.21).

Вобаста ба асолати тоҷикони рустои Учқурғони Қирғизистон ба сухани тоҷики учқурғонӣ гўш медиҳем; Мо дар Учқурғон худамонро бегона ҳисоб намекунем, аз ягон ҷо омадагӣ намеҳисобем. Мо тоҷикони Учқурғон тоҷикони тахҷоием. Якчанд аср аст, ки аҷдодону бобоёни мо дар ин сарзамин зиндагӣ мекунанд. Ҳоло тоҷикони ин сарзамин урфу одат, забон, хусусиятҳои миллиашонро гум кардагӣ нестанд. Дар асоси илмӣ агар гўем, таърихи авлодони мо ба санаи 3000 сол рафта мерасад. Аммо тоҷиконе, ки ҳоло дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, аосоан ду шеваро доранд: Якум шеваи болоии Учқурғон, авлодҳояшон аз Самарқанд, Хўҷанд мебошанд. Аз рўи навиштаҳои мавҷуда хулоса мекунем, ки аҳли шеваи дуюм поёнӣ, ки дар деҳкадаи Қалъача иқомат доранд,ба сифати мардикор омада ин ҷо хонадор шуда муқимӣ гардиданд. (Неъматова, 1997)

5 Comments

5 Replies to “Тоҷикони қирғизистон”

  1. Аноним says:

    Ин ҷо сўҳбати хабарнигор Сайёҳат Неъматоваро бо як оилаи тоҷики деҳкадаи Учқурғон меорем, ки ҷавобгўи масоили рўзгор, маишат ва мушкилиҳои тоҷикони ин кишвар мебошад.:
    Сайёҳат Неъматова.-Шумо ҳама зодаи Учқурғон ҳастед?
    -Ҳамаи мо сокини ҳамин деҳкада. Як то хоҳарамон дар Душанбе таҳсил карда он ҷо муқимӣ шуд. Ман ҳамшираи шафқат. Дар хонаи кўдакон кор мекунам.
    -Ман Махфират, касбам муаллимӣ, дар мактабҳои ибтидоӣ дарс мегўям.
    -Сайёҳат Неъматова: Бо забони тоҷикӣ дарс медиҳед?
    -Бале, бо тоҷикӣ.
    -Сайёҳат Неъматова:-Китоби дарсӣ доред?
    -Баъзеашон мерасад, баъзеашон намерасад, як илоҷ карда дарс медиҳем.
    -Ман Улмасхон, келини хурдии ҳамин оила. Муаллима шуда дар мактаби ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият мекунам.
    -Сайёҳат Неъматова;-Аз кадом фан дарс медиҳед?
    -Аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медиҳам.
    -Сайёҳат Неъматова:-Бачаҳо ба забон, ба адабиёти классикии тоҷик чи гуна рағбат доранд?
    -Онхо рағбати зиёд доранд, вале забони тоҷикии онҳо омехта гардидааст, бинобар он забони адабии тоҷикиро нағз фаҳмида наметавонанд. Китобҳои дарсӣ дастрас нестанд. Бинед, ки забони тоҷикии ин ҷо хеле омехта шудааст ва барои фаҳмидани забони адабиёти классикии тоҷик душворӣ мекашанд.
    -Сайёҳат Неъматова:-Барои ҳамин муамморо ҳал кардан Шумо чи тадбир меандешед?
    -Бисёртар бо луғатҳо кор мекунем, фарҳанги забони тоҷикӣ ҳаст, бо он кор мекунем. Китобҳои дарсӣ ҳам камтар мавҷуданд. Китобҳое, ки мо бо онҳо дарс мегўем, китобҳои давраи шўравианд. Ҳоло ягон китоби нав нест. Бояд адабиёти тоза бошад. Калимаҳои арабӣ камтар бошад. Душворӣ кашида истодаем.

  2. Аноним says:

    маводро таҳти ин аснодҳо омода кардем.

    Адабиёт:

    Абдулҳасанов А. Ҷураев Ф. Учқурғон. Хуҷанд, 2001

    Бобохонов М. История таджиков мира. Душанбе 2004. 527с.

    Джураев Ф. Таджики Киргизистана от Истаравшана до Ала-Тоо, Бишкек, 2008

    Мавҷи Исфайрам. 2. Учкурғон, 1995.

    Неъматова С. Тоҷикони дунё(филми мустанад) ,1997

    Паёми Ала-Тоо, 2009, 5

    Раимджанов А., Марасулов Б., Джураев Ф.
    Таджики Киргизистана.

  3. Аноним says:

    Дар ноҳияи Қарасўй теъдоди тоҷикон ба 3500 нафар мерасад. Онҳо мутаносибан дар маркази ноҳия ва инчунин дар рустоҳои Янгиариқ, Гидиришмуғул, Оттамузадир, Станг, Тоҷикобод, Онсой маскан доранд. Ин ҷо тоҷикон дар охири асри XIX аз водии Қаротегин омада рустоҳои худро бунёд кардаанд. Дар рустои Правда ҳанўз соли 1930 дар мактаб синфҳои тоҷикӣ кушода шуда буданд. Шумораи умумии тоҷикон дар вилояти Уш ба 6700 нафар мерасад. Вилояти Уш ҳамчун маркази илмӣ ва фарҳангии Қирғизистон дониста шуда тоҷикон дар ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии ин минтақа саҳми сазовор мегузоранд. Теъдоди дигари тоҷикон дар шаҳри Ҷалололбод ва гирду атрофии он зиндагӣ мекунанд. Онҳо асосан дар маҳали Тоҷикмаҳалла, кўчаҳои Хоҷаобод, Шанд, Некрасов, Барли, Пролетар маскан гирифтаанд. Тоҷикон ба ин шаҳр дар аввалҳои асри XX аз ноҳияи Ашт омадаанд. Алабук яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Ҷалолобод мебошад. Ин ҷо тоҷикон дар рустоҳои Балетон, Оқкурғон, Қурғонча маскан доранд. Онҳо дар давраҳои гуногун ба ин мавзеъҳо аз рустоҳои вилояти Намангони Узбекситон ҳиҷрат намудаанд. Дар шаҳри Бишкек 100 оилаи тоҷик зиндагӣ мекунад. Инчунин 30 оила дар рустои Кирови ноҳияи Кант маскан доранд. Дар рустои Бедачи 50 оилаи тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ки онҳо ин ҷо аз водии Фарғона омадаанд. Тоҷикон дар Қирғизистон дар фазои дўстонаи мустаҳкам ва бародарӣ бо миллати қирғиз зиндагӣ мекунанд ва дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар саҳигузоранд. Доир ба дўстии ин ду миллат суханеро аз даҳони як тоҷики муқими Қирғизистон мешунавем: Мо тоҷикон аз он меболем, ки дар якҷоягӣ бо миллати қирғиз фарҳанг ва тамаддуни олиро офаридем ва гузаштагонамон дар минтақаҳои фарохи Осиёи Миёна дар фазои сулҳу бародарӣ зиндагӣ кардаанд. Инчунин моро решаҳои хешовандӣ бо ҳам пайванд кардааст. Тавре маълум аст, духтари шоҳи Бухоро (Робиа) баҳодури қирғиз Манасро ба шавҳарӣ интихоб намуд ва миёни мардум чун Хоникей маъруфият пайдо кард. Ин зани зебо ва боҳуши тоҷик ба унвони модари қавми қирғиз ном баровард (Паёми Ала-Тоо, 2009). Имрўз дар Қирғизистон Маркази фарҳангии тоҷикон, ки номи Абуабдуллои Рўдакиро дорад, фаъолият менамояд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву иқтисодии мардуми тоҷику қирғиз мақоми шоистаро дорост. Ин марказ баҳри рушду нумўи забони тоҷикӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавии тоҷикони маҳал, барои боз ҳам густариш додани суннатҳои миллии тоҷикон тадбирҳои хуб меандешад. Бо гуфти яке аз ҳамватанони қирғизистонии мо ҳадафҳои марказ чунинанд: Яке аз вазифаҳои асосии Маркази тоҷикони ба номи Абуабдлло Рўдакӣ нигоҳ доштани тозагии забон, таъриху адабиёти тоҷик, урфу одат ва мазҳаб мебошад. Дуюм мустаҳкам кардани дўстӣ байни халқҳои Қирғзистон мебошад. Сеюм ҳимоя кардани ҳуқуқҳои тоҷикон дар Қирғизистон ва пешгирӣ кардани поймолшавии ҳуқуқи онҳо мебошад (Неъматова,1997 ). Тоҷикон дар даврони шуравӣ ва баъди истиқлолияти Қирғизистон дар хаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷумҳурӣ саҳми босазое гузоштаанд ва мегузоранд. Чеҳраҳои зиёди маърўфи тоҷик зодагони ин ҷумҳурианд. Юлдош Охунбобоев зодаи Учқурғони Қирғизистон мебошад ва яке аз ходимони маърўфи сиёсии Ҷумҳурии Узбекистон шинохта шуда буд ва дар ҳаёти сиёсии ин ҷумҳурӣ саҳми шоистаеро гузоштааст. Мавсуф фаъолияти сиёсии худро дар зодгоҳаш оғоз намуда буд. Солҳои 1918-1919 дар Учқурғон иттиҳоди Қушчӣ-ро таъсис дода сарвариашро ба ўҳда дошт. Минбаъда фаъолияти ў дар Ҷумҳурии Ўзбекистон сурат гирифт ва ҳамчун арбоби намоёни сиёсии Ўзбекистон шинохта шуд. Тоҷикон дар барпокунии ҳукумати шўроҳо, сохтмони колхозӣ низ дар Ҷумҳурии Қирғизистон саҳми босазое гузоштанд. Дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ тоҷикони Қирғизистон низ дар як саф бо тамоми халқи шўравӣ зидди фашистон размидаанд. Чунончи аз як рустои Учқурғон дар ин ҷанг 1620 нафар сафарбар шуда буданд, ки 510 нафари онҳо дар набардҳо ҳалок шуданд.

  4. Аноним says:

    -Сайёҳат Неъматова:-Дар кадом донишкада таҳсил намудаед?
    -Ман омўзишгоҳи шаҳри Хуҷандро хатм намудаам.
    -Ман дар Марғелон техникуми молияро хатм намудам.
    -Ман дар шахри Душанбе донишкадаи омўзгорӣ, факултаи забон ва адабиёти тоҷикро хатм намудам. Соли 1988 буд ва аз ҳамон сол дар Учқурғон муаллими забон ва адабиёти тоҷик ҳастам.
    -Сайёҳат Неъматова:-Ба ҳамватанони худ, ки дар Тоҷикистон ҳастанд ва шуморо тамошо мекунанд, чи гуфтание доред?
    -Ман гуфтанӣ ҳастам, ки дар тамоми дунё ҳозир гап дар бораи ҷанги тоҷикон меравад. Мо ҳамеша фикр мекунем. Барои чӣ талош мекунанд, чиро мехоҳанд. Мо мехостем, ки онҳо ҳеҷ вақт ҷанг накунанд, тинҷӣ шавад, якдигарро қатл накунанд. Мо, вақте ки барномаи Время мешавад, ҳама Тоҷикистона нишон дод? гўён пурсон мешавем.
    -Сайёҳат Неъматова:-Шумо аз Тоҷикистон хеле дур, вале доимо фикри Тоҷикистонро мекунед?.
    -Албатта, мо фикр мекунем, чунки мо худамон тоҷик ҳастем(Неъматова,1997)
    Дар шаҳри Уш ва гирду атрофи он теъдоди зиёди тоҷикон истиқомат менамоянд. Дар ин шаҳр, чи хеле дар боло ёдовар шуда будем, тоҷикон аз қадим зиндагӣ мекарданд ва бо сабабхои гуногун шумораи тоҷикон ин ҷо нисбатан кам шудааст. Имрўз тоҷикон дар шаҳри Уш дар маҳаллаҳои Қашқарқишлоқ, Янгиёр, Гагарин ва инчунин дар кўчаҳои хуҷандиҳо, уротеппагиҳо маскан гиифтаанд. Тибқи маълумоти ҷойдошта асли тоҷикони имрўзаи шаҳри Уш аз Қаротегин, Хўҷанд, Истаравшан ва Бадахшон мебошад.
    Дар шаҳри Уш имрўз Маркази фарҳангии тоҷикон фаъолият менамояд.
    Дар ноҳяи Арван анқариб 40 хоҷагии тоҷик истиқомат доранд, ки аслашон тоҷикони Даҳбеди Самарқанд мебошанд. Дар шаҳри Новкат ҳамагӣ 15 оилаи тоҷик зиндагӣ доранд, ки онҳо ба ин ҷо аз Бухоро омадаанд.

  5. Аноним says:

    30 нафар номзадон ва докторҳои илм зодагони рустои Учқурғон буда эшон дар муассисаҳои илмии Осиёи Миёна фаъолият доранд. Аз ҷумла профессор Тўлқун Муродалиев, директори пажўҳишгоҳи қалбшиносии АИ Қирғизистон, Фотима Ҳайдарова доктори илми таърих, профессори Донишгоҳи Самарқанд аз чеҳраҳои шинохтаи илм мебошанд. Тоҷикони Қирғизистон барои таърих як зумра арбобони намоёни сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангиро додаанд, ки ин ҷо аз онҳо ёдовар мешавем. Собиқ раиси Шўрои қомиссарони халқии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонов, собиқ вазири саноати Ўзбекистон Мўминҷон Юлдошев, собиқ ҷонишини якуми Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Раҳимҷонов, шоирон Аҳмади Учқурғонӣ, Шарофҷон Учқурғонӣ чеҳраҳои шинохтаи тоҷикони Қирғизистон мебошанд. Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон кайҳоннавард Солеҳчон Шарифов набераи сокини шаҳри Истаравшан Шарофҷонака фахри ҳам тоҷикон ва қирғизҳост. Тоҷикони Қирғизистон новобаста аз он ки дар муҳити этникии бегона зиндагӣ мекунанд, ҳамеша баҳри рушду нумўи забони модарӣ, пос доштани анъанаву суннатхои миллии худ кўшиш менамоянд. Онҳо дур аз ватан зиста ҳамеша ёди ватан мекунанд ва меҳру муҳаббати самимиро нисбати ватани аҷдодони худ нишон медиҳанд. Дур аз Тоҷикистон ҳамеша бо ёди тоҷикону Тоҷикистон ҳастанд тоҷикони Қирғизистон.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *